Ҷоизаи Лоҳутӣ ба кормандони ВАО

Шоми имрӯз (17*10*2016)дар театри давлатии академӣ – драмавии  ба номи А. Лоҳутӣ бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маросими ҷоизасупории кормандони ВАО шуда гузашт.  Дар чорабинӣ рӯзноманигорону устодон ва донишомӯзони соҳа иштирок доштанд. Бояд гӯфт, ки ҷоизаи Лоҳутӣ дар соли 2015 аз рӯи наминатсияҳои радио, телевизион, маводҳои илмӣ ва матбуот бо пешниҳоди нуҳ аъзои комисия соҳибони…

Шоми имрӯз (17*10*2016)дар театри давлатии академӣ – драмавии  ба номи А. Лоҳутӣ бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маросими ҷоизасупории кормандони ВАО шуда гузашт.  Дар чорабинӣ рӯзноманигорону устодон ва донишомӯзони соҳа иштирок доштанд.

Бояд гӯфт, ки ҷоизаи Лоҳутӣ дар соли 2015 аз рӯи наминатсияҳои радио, телевизион, маводҳои илмӣ ва матбуот бо пешниҳоди нуҳ аъзои комисия соҳибони худро ёфт.

Ҳаминтавр, дар наминатсияи радио ҷоиза ба собиқ корманди радиои “Садои Душанбе” — марҳум Шариф Мирсаидзод супорида шуд.

img_1091
Исматулло Азизов

Дар қисмати телевизион бошад ба Исматулло Азизов ҷоиза эҳдо гардид.

img_1093
Шариф Муллоев

Ба Шариф Муллоев барои маводҳои илмиӣ ҷоизаи А. Лоҳутӣ дар соли 2015 насиб гашт.

Иршод Сулаймонӣ, Муҳаммадалӣ М, А. Бобоҷониён ва Ҳасан Юсуфи Файзбахш ҷоизаи А. Лоҳутӣ дар соли 2015 – ро дар наминатсияи матбуот соҳиб шуданд.

img_1109
Хуршед Мавлонов
img_1110
Гулбаҳор Раҳмонова

Барои донишҷӯёни фаъол низ ҷоизаи В. Асрорӣ ташкил шудааст, ки онро имсол Хуршед  Мавлонов донишҷӯи соли якуми магистратураи ДМТ ва Гулбаҳор Раҳмонова донишҷуи курси чори факултети журналистикаи ДМТ соҳиб шуданд.

        Дар охир раиси ИЖТ  озмӯни ҷоизаи А. Лоҳутӣ дар соли 2016 – ро кушода эълон кард ва афзуд, ки онро моҳи феврали соли 2017 ҷамъбаст хоҳан кард. Инро ҳам ёдовар шуд, ки имсол бо дастгирии ИЖТ ҷоизаи  А. Саттор барои соҳибкорони саховатманде, ки ба ВАО кӯмак мерасонад, ташкил шуд.

Tags:

Оставьте комментарий